Шеъри ошиқи

0
252

Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи ғам парво надори.
Туро ман бар Худо меспорам имшаб.

************************

Туро бар сина ҷо кардам ба ҷонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди Худо ҳофиз.
Ало ай раҳнамои дил маро афканда пой бар гил.
Раҳи худро дигар карди Худо ҳофиз.

**************************

Тарки ёрӣ кардиву ман ҳамчунон ёрам туро.
Душмани ҷониву аз ҷон дусттар дорам туро.
Гар ба сад хори ҷафо озурда сози хотирам.
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
*******************************
То ту ба додам мерасӣ, оҳам ба кайвон мерасад,
То ту ба қадрам мерасӣ, умрам ба поён мерасад.
То ёри роҳам мешавӣ, аз роҳ берун мешавам,
То мушкил осон мекунӣ, сад марги осон мерасад.
То ёд меорӣ зи ман, бе ёд меафтам зи дард, 

******************************

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар.
Қурбони туам, вале ту қурбони дигар.

Чун ноз кунӣ, ба ҷону дил мақбулам,
Ҷонони манӣ, вале ту аз они дигар.

Бо ёди ту шаб, рӯз ба фармони туам,
Аммо ту чаро барои фармони дигар?

*******************************

Имшаби ман боз бе оғӯши ту,
Андар оғӯши садоқат мурд, мурд.
Ишқи ман ҷовид бимонад, то абад,
Меҳри ту андар хиёнат мурд, мурд.

*****************************

Менависам бар китоби чашми ту.
Бо қаламҳои нигоҳи гарми хеш.
Беҳ зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят қалби реш.

***********************

Дар оғӯшат бисӯзон оташи ман,
Ба шарте синаат оташ бидорад.
Магар дар синаат хоҳиши ҷонсӯз,
Бароям ҳар чӣ хоҳам, он чӣ дорад? 

*****************************

Ҳуруфи ишқро дар дафтари ғам,
Паси ҳам чида-чида зор гирям.
Намояд нақши руйи ёри саркаш,
Қаламро баҳри ҳадя месупорам.

*****************************

Ҳалқа месозад миёнатро ба шавқ гар ёри ту,
Ёд овар, ҳалқаҳои муйи ту дар гарданам.
Гар бубахшӣ накҳате дар бистари ӯ аз висол,
Ёд овар, дар ҷудоиҳо ба фурқат мурданам.

*******************************

Бусаҳои ёр хушкид дар лабонам, бок нест,
Сабз гардад боз рӯзе бусаҳои дигаре.
Зиндагӣ бо созҳояш, сӯзҳое дар бағал,
Аз балое бигзарам, ояд балои дигаре.

**************************

Чашм то барҳам задам, умрам зи сӣ бигзаштааст,
Гарчӣ дидам лаззате як, даҳ азоб омад мудом.
Боз ман навмед не, навмед шайтон асту бас,
Роҳи хуршедам бипоям, рӯзҳо то пайки шом.

*******************************

Синаат болини ман буд, ин ки ин дам бе ман аст,
Инакам, болини ёри дигарат шуд, бок нест.
Боз поён мешавад ин шоми беболиниям,
Ҷуз Худо дар ин ҷаҳон аз тухми Одам тоқ нест.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Please enter your comment!
Please enter your name here